Зинда бош, эй Ватан!

  • Posted on: 16 January 2020
  • By: korbar

Таҳти ҳамин унвон дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвон бо иштироки муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бахшида ба 25-умин солгарди рӯзи қабули ин рамзи давлатӣ як чорабинии хотирмони фарҳангӣ доир гардид.

И.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуд: “Суруди миллӣ яке аз воситаҳои асосии ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Эҳтироми ин рамзи миллӣ ва давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон аст”.

Шоири Халқии Тоҷикистон устод Гулназар оид ба таърихи бавуҷудоии Суруди миллӣ маълумот дода, дар ҳузури беш аз 400 нафар ҳаводорони назм ва фаъолони ноҳияи Ёвон суҳбати дилпазире оростанд ва тӯли якуним соат аз ашъори ноби хеш таронасароӣ карданд.

Ин маҳфил бо иштироки Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов, ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, сарояндагони ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон”, ки ҳама аз ашъори устод Гулназар сурудҳои марғуб сароиданд, инчунин, бо таманниёти неки шоирони ёвонӣ Раҷаби Мусулмониён ва Омон Раҷаб базми ҳақиқии ширу шакар шуд.