Гузориш дар бораи натиҷаи ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020

  • Posted on: 8 January 2020
  • By: korbar

Рӯзи 8 январи соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳия ҷаласаи ҷамъбастӣ оид натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон- директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- директори Корхонаи давлатии коммуналии «Маркази дастгирии кишоварзӣ» Шарипов Назарбек ширкат варзиданд.
Дар оғози ҷаласа и. в. раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2020 маълумот дода, зикр намуд, ки маълумоти муфассал дар рӯзномаи «Субҳи Ёвон» нашр гардида, ба ҳама иштирокчиён дастрас карда шудааст.
И. в. раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни суханронӣ аз ҷумла зикр кард, ки соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 2 млрд. 464,9 млн. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 275 млн. 141,2 сомонӣ зиёд буда, аз он маҳсулоти саноатӣ 1 млрд. 542,9 млн. сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ 1 млрд. 39,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Музди миёнаи меҳнати кормандон 1237,6 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139,3 сомонӣ зиёд шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат 454 ҷойи кори доимӣ ва 2591 ҷойи кори муваққатӣ муҳайё гардидааст.
Нақшаи пешбинишудаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 100,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 222 млн. 971,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет 222 млн. 972,5 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 28 млн. 105,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозҳо ба андозаи 101,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 190 млн. 371,2 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 192 млн. 977,7 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин аз нақша 2 млн. 606,6 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2018-ум 23 млн. 91,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ин зиёдшавӣ асосан аз ҳисоби андоз аз даромад, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз захираҳои табиӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ба миён омадааст.
Аз ҳашт намуди андозҳои давлатӣ 3 намуди онҳо ба миқдори зиёда аз 100 фоиз, аз ҷумла андоз аз даромад 162,3 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 166,3 фоиз ва андоз аз захираҳои табиӣ 268,7 фоиз иҷро гардид.
Қисми хароҷоти буҷаи маҳаллӣ 100,0 фоизро ташкил дода, барои соҳаҳои маориф 75 млн. 843,1 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 23 млн. 692,0 ҳазор сомонӣ, мақомоти роҳбарикунанда 4 млн. 16,7 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг 1 млн. 409,5 ҳазор сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ 253,8 ҳазор сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 2 млн. 61,6 ҳазор сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1 млн. 50,2 ҳазор сомонӣ ва барои дигар хароҷотҳо 1 млн. 6,9 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ дар соли 2019 ба андозаи 101,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 17 млн. 965,7 ҳазор сомонӣ 18 млн. 283,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбати нақша 318,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ барои пардохти нафақаи 15 ҳазору 77 нафар нафақахӯрони ноҳия, ки хароҷоти моҳонаи онҳо ба ҳисоби миёна зиёда аз 4 млн. 245,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, шароит фароҳам овард ва дар натиҷа нафақахӯрон ва дигар ниёзмандон саривақт бо нафақапулӣ таъмин гардиданд.
Дар баробари дастовардҳо дар фаъолияти соҳаҳои мухталиф баъзе мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доштанд. Аз ҷумла, ду намуди андозҳои давлатӣ ба маблағи 44,3 млн. сомонӣ иҷро нагардид, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 59 млн. 325,2 ҳазор сомонии нақша ба буҷет 30 млн. 440,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин 51,3 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақша 28 млн. 884,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Андоз аз фоида бошад, ба ҷойи 38 млн. 454,6 ҳазор сомонӣ, 22 млн. 997,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки ин 59,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Инчунин, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷойи 32 млн. 600,3 ҳазор сомонӣ 29 млн. 994,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки баробари 92 фоизи нақша мебошад.
Бақияи қарзи андозҳои ба ҳолати 1 январи соли 2020 7 млн. 21,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати аввали соли гузашта 1,4 млн. сомонӣ кам гардидааст.
Пас аз гузориши и. в. раиси ноҳияи Ёвон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон- директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода суханронӣ карда, дар бораи вазъи фаъолияти соҳаҳо ва натиҷаи тараққиёти иқтисодию иҷтмоии ноҳия дар соли сипаригашта изҳори назар намуд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки пахтакорони ноҳия дар мавсими гузашта пурмаҳсул заҳмат кашида, беш аз 25000 тонна ҳосил рӯёниданд, ки ин аз дурнамо зиёд аст. Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита, ба кишоварзони ноҳия миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур аст, ки лоиҳаҳои дахлдор оид ба таъсиси корхонаҳои коркарди нахи пахта омода карда, ин маҳсулоти гаронбаҳо дар худи ноҳия ва қаламрави кишвар коркард шавад.
Ҷиҳати иҷрои бекамукости нақшаи андозҳои давлатӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи маҳал ва ба ин васила вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Масъулони соҳаҳои иқтисодиро лозим аст, ки зимни пешниҳоди ҳисоботҳо, ба масъалаи содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ диққати бештар диҳанд. Зеро, чуноне ки ба назар мерасад, омори дар ин самт манзургардида асоснок карда нашудааст.
Оид ба ҷараёни корҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки тадбирҳои амалигардида ҳанӯз қаноатмандкунанда нестанд. Лозим аст, ки иншооти бунёдгардида, аз тарафи сохторҳои марбута саривақт аз қайди давлатӣ гузаронида, барои роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои нав чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Вобаста ба масъалаҳои иҷтмоӣ, аз ҷумла мариф, фарҳанг ва тандурустӣ андешаронӣ карда, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳои мазкур дастур доданд, ки мушкилоту норасоиҳои мавҷударо дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф намуда, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ, беҳтар намудани ҳолати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Аз кам будани муассисаҳои томактабӣ изҳори ташвиш гардида, зикр карда шуд, ки ҳамагӣ 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ин боиси нигаронист.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои бунёдкориву созандагиро густариш диҳанд.
Дар рафти ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- директори Корхонаи давлатии коммуналии «Маркази дастгирии кишоварзӣ» Шарипов Назарбек суханронӣ карда, дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар бораи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ки ба рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия монеъа мешаванд, ба муовинони соҳавӣ ва масъулини соҳаҳо як қатор маслиҳату тавсияҳо доданд.
Дар поёни ҷаласа ба як қатор пешқадамони истеҳсолот, ғолибони озмунҳои ноҳиявӣ, варзишгарон ва хонандагони фаъол ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулию хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.