Табрикоти и. в. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ. Ҳ. ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ

  • Posted on: 31 December 2019
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

Инак, пас аз чанд лаҳза мову шумо бо соли 2019 хайрбод гуфта, бо орзуву ниятҳои нек соли нави 2020-ро ҳамчун марҳаллаи нави созан-дагиву бунёдкориҳо истиқбол меги-рем.

Фарорасии соли нави мелодиро ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарафманди ноҳияи Ёвон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу сафо, офияту саодатмандӣ, бахту иқбол ва рӯзгори пурфайзу бобаракат таманно менамоям.

Соле, ки моро падруд мегӯяд, барои мардуми кишвар, аз он ҷумла барои сокинони ноҳияи Ёвон давраи музаффариятҳои тоза ва  рушду тараққиёти бесобиқа ба ҳисоб меравад.

Фазои сулҳу суботи кишвар барои боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия заминаи боэътимод фароҳам овард.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  омодагиҳо  ба  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти давлатии  кишвари  азизамон  дар  ноҳия  сохта ба истифода додани беш аз 340 иншооти нав дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангию маишӣ ва корхонаву  коргоҳҳои  истеҳсолӣ  ба  нақша  гирифта шудааст, ки то имрӯз зиёда аз 175 адади онҳо бунёд ёфта, боиси пешрафти ноҳия ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии соки-нон гаштааст.

Масъулон ва кормандони соҳаҳои буҷету андоз, иқтисодиёту иҷти-моиёт, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва ҷавонон дар давоми соли сипаригаш-таистода самаранок фаъолият намуда, баҳри таъмини рушди бомароми ноҳия ва беҳтар гар-донидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми муносиб гузоштанд.

Соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия нисбат ба соли гузашта 277,6 млн. сомонӣ зиёд гашта, ба 2 млрд. 372,2 млн. сомонӣ расид, ки аз ин  1 млрд. 425,2 млн. сомонӣ ба соҳаи саноат ва 946,9 млн. сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми соли 2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгори маънавии аҳолӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҳифзи иҷтимоӣ ва сиҳатии сокинони ноҳия тадбирҳои дахл-дорро амалӣ намуд.

Бо мақсади беҳдошти вазъи таълиму тарбия дар ин давра як муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Дарагии деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов як муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 8 ва 35 биноҳои иловагӣ ва дар назди 9 муассисаи дигар 15 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳоло бо мақсади бартараф гардонидани мушкилоти ҷойҳои нишасти хонан-дагон дар назди 11 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои нав ва дар назди 18 муассиса сохтмони 24 синфхонаи иловагӣ бомаром идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли таҳсили 2018-2019 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 540 миз, 1080 курсӣ ва 22 тахтаи синфӣ дастрас намуд.

Имсол бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва беҳтар гардонидани соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ тадбирҳои зиёде амалӣ гардида, бо саҳми соҳибкорону саховатмандон ба табақаи ниёз-манди аҳолӣ ба маблаѓи беш аз 2 млн. сомонӣ кумакҳо расонида шу-данд.

Дар маҷмӯъ, соли 2019 барои сокинони ноҳияи Ёвон соли пурбарор буд ва дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш мехостам ба ҳама заҳматкашони шарафманди ноҳия, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, савдою хизматрасонӣ софдилона заҳмат кашида, барои рушду тараққиёти ноҳия саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос намоям.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар соли 2019 бо истифода аз ҳама захираву имкониятҳо дучанд меҳнат карда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагонии мардум ва ободу зеботар гаштани диёри маҳбубамон саъю талош мевар-занд.

Чанд рӯз пештар мову шумо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми Тоҷикистон шунидем.

Мехоҳам махсус қайд намоям, ки иҷрои саривақтии нишондодҳои Паём аз ҳар як сокини ватандӯсти кишвар ҳисси хосаи ватандорӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо мекунад. Тарѓибу ташвиқи иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни аҳолӣ вазифаи муқаддаси ҳамаи мо ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат, аз ҳамаи шумо хоҳишмандам, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри пешрафту тараққии бештари Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошед.

Соле, ки мо дар остонаи он қарор дорем, дар сарнавишти ояндаи миллати тоҷик нақши махсус хоҳад дошт, зеро дар ин сол интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуда, роҳи рушди минбаъдаи кишвар муайян мегардад. 

Албатта, ин маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар яки мо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳушёриву зиракии хосаро тақозо менамояд. Мову шумо вазифадорем, ки дар интихобот фаъолона ширкат варзида, барои рушду ободии Тоҷикистони азизамон овоз диҳем. 

Соли 2020 барои ҳамаи мо  сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун соли созандагиву бунёдкориҳои нав ба нав хотирмону пурфайз хоҳад гашт, зеро он моро боз як қадами дигар ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон наздиктар менамояд.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми сокинони соҳибиқболи ноҳияро бо фарорасии соли нави милодӣ муборакбод гуфта, таманно меку-нам, ки аз оѓози соли 2020-ум кору фаъолияти ҳаррӯза ва саъю талоши ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу ватандӯст ба номи Ватани маҳбубамон Тоҷикистон, ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосо-ямон ва бунёдкориву созандагии диёри азизамон анҷом пазирад.

Бигзор соли нави милодӣ барои мардуми Тоҷикистон соли сулҳу амонӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои нав ба нав гардад.

 

Соли наватон муборак, ҳамдиёрони азиз!