Ҷашни орзуҳо - СОЛИ НАВ

  • Posted on: 31 December 2019
  • By: korbar

и.в.Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро рӯзи 31 декабри соли 2019 дар чорабинии идонаи таълимгирандагони Мактаб-интернати ноҳия иштирок намуда, аҳли омӯзгорон ва хонандагонро бо фарорасии соли нави 2020 муборакбод гуфт. Дар табрикоти раиси ноҳия аз ҷумла зикр гардид, ки “Ятимону бепарасторон таҳти сарпарастӣ ва ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қароро дошта, бо мақсади таъмини ояндаи дурахшони онҳо пайваста чораандешиҳо анҷом дода мешаванд. Таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ёвон бо дониш ва рафтори намунавии худ ҳамасола бо дастовардҳои арзанда ноил мегаранд ва итминони комил дорем, ки ин боргоҳи ҳунар дар оянда низ барои ба воя расонидани кадрҳои соҳибтахассус ва ояндасози миллат ҳиссаи босазо мегузорад”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши САҲШ, корхонаи “Ғаюр семент” ба 177 нафар таълимгирандагони муассиса туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, барояшон дастархони идона оростанд. Барномаи консертии таълимгирандагони мактаб-интернат, ки аз рақсу сурудҳои ҷолиб иборат буд, инчунин, туҳфаҳои Бобои Барфию таманниёти Барфак хеле ҷолибу дилпазир буданд.

Чунин чорабинии идона дар Қисми низомии 6593-и ноҳияи Ёвон низ бо иштироки сарбозону афсарон доир гардид.