Қабули шаҳрвандони ноҳияи Ёвон аз тарафи муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло.

  • Posted on: 29 December 2019
  • By: korbar

Рӯзи 28 декабри соли 2019 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон  муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло бо мақсади расидагӣ ба розу ниёзҳои мардум бо намояндагони сокинони ноҳияи Ёвон вохӯрӣ карданд.

Зимни ин чорабинӣ якчанд нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун, маъюбон ва эҳтиёҷмандон бо саволу пурсишҳои мухталиф ба муовини якуми раиси вилояти Хатлон муроҷиат намуданд. Талаботи чанд нафар дар доираи имкониятҳои мавҷуда қонеъ гардонида, барои ҳаллу фасли мушкилоти баъзе аз муроҷиаткунандагон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар ҷаласа и.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли сипаригаштаистода маълумот дода, зикр намуд, дар маҷмӯъ соли 2019 барои заҳматкашони ноҳия соли бобарор буд. Дар ин давра маҷмӯи мањсулоти дохилии ноњия ба 2 млрд. 372,2 млн. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 277,6 млн. сомонӣ зиёд буда, аз он маҳсулоти саноатӣ 1 млрд. 425,2 млн. сомонӣ ва мањсулоти кишоварзӣ 946,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло ҷиҳати бартараф намудани як қатор камбудиву мушкилоте, ки барои рушди бонизоми соҳаҳо монеа эҷод мекунанд, ба масъулон дастуру супоришҳо дода, аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон роҳбарияти ноҳияро вазифадор намуд, ки бо мақсади боз ҳам пурсамар ба роҳ мондани корҳо дар соли 2020 тадбирҳои мушаххас андешанд.