Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро...

  • Posted on: 29 December 2019
  • By: korbar

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло ва и.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро рӯзи 28 декабр, дар арафаи соли ҷорӣ аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба 48 нафар ятимони кулли ноҳияи Ёвон туҳфаҳои идона ва сару либоси зимистона туҳфа намуданд.

Ҳам муовини якуми раиси вилояти Хатлон  ва ҳам и.в. раиси ноҳияи Ёвон зикр намуданд, ки ин қишри аҳолӣ таҳти сарпарастӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои таъмини ояндаи дурахшони онҳо мунтазам чораандешӣ карда мешавад.