Ифтитоҳи бинои нави “Спитаменбонк” дар шаҳраки Ёвон.

  • Posted on: 29 December 2019
  • By: korbar

28 декабри соли 2019 дар кӯчаи Ҷомии шаҳраки Ёвон бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло, муовини якуми раиси Раёсати “Спитаменбонк” Умедҷон Ҳикматов ва и.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бинои навбунёди “Спитаменбонк” мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои нав ба таври замонавӣ бунёд ёфта, барои 12 нафар кормандони он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Боиси фараҳмандист, ки ин бинои хуштарҳ боз як гӯшаи шаҳраки Ёвонро хушнамуд гардонидааст.