Тӯйи ФУТБОЛ дар Ёвон.

  • Posted on: 30 November 2019
  • By: korbar

Тими футболи “Моҳир” рӯзи 29 ноябр дар майдони худ тими “Пахтакор”-и Қубодиёнро бо ҳисоби калон мағлуб намуд. Ин охирин бозии даста дар мавсими ҷорӣ миёни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон буд, ки тими “Моҳир”-и Ёвонро бо роҳхат ба лигаи якуми футболи Тоҷикистон таъмин кард.

Пас аз вохӯрӣ маросими супоридани Ҷоми лигаи дуюми футболи Хатлон ба ғолиби Чемпионат баргузор гардид. Ҷомро дар вазъияти идонаву тантанавӣ и.в.Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. ва муовини якуми Раиси Федератсияи футболи Хатлон Шарипов И. ба капитани дастаи “Моҳир” тақдим намуданд.

Ин лаҳза дар Варзишгоҳи марказии ноҳия тӯй буд, тӯйи футбол. Мухлисони содиқи “Моҳир”, алалхусус Саъдӣ Исмоилов, бо шиорпартоиҳои фараҳбахш  тӯли ду соат шодмонӣ карданд.

Боиси ифтихори мо- ёвониҳо буд, ки дар ин мусобиқа журналисти маъруфу ширингуфтор Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ровӣ буд ва бо шарҳу тафсири шоиста маросими туҳфасупориро як шукӯҳи дигар бахшид.

Тими “Моҳир” (Ёвон) дар масими имсола 22 бозиро бо натиҷаи 18 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ анҷом дода, ба дарвозаи ҳарифони худ 90 гол ворид задааст ва дар маҷмӯъ соҳиби 56 хол гардида, инак ба ЛИГАИ ЯКУМИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН роҳ ёфт, ки муборакамон бод!

Ногуфта намонад, ки Баҳровар Ҳалимов бо задани 32 гол беҳтарин нишонзани ин Чемпионат гардид.

“МОҲИР”  БА  ПЕШ!