Рушди соҳибкорӣ рушди Ватан аст.

  • Posted on: 27 November 2019
  • By: korbar

26 ноябри соли 2019 дар Кохи фарҳанги ноҳия мулоқоти и.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. бо соҳибкорони ноҳия баргузор гардид.

И.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. зимни суханронӣ аз ҷумла зикр кард: “Тайи якчанд соли охир дар диёри мо корхонаву коргоҳҳои зиёде бунёд гардида, ноҳияи Ёвон ба яке аз ноҳияҳои пуриқтидори саноатии кишвар табдил ёфтааст. Талабот ба маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда имрўз натанҳо дар дохил, балки дар хориҷи Тоҷикистон низ рў ба афзоиш аст.

Дар давоми ду соли охир маҷмўи маҳсулоти саноатии ноҳия ба зиёда аз 1 млрд. сомонӣ расонида шуд ва дар соли 2018 ҳиссаи саноат дар ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба 60,2 фоиз баробар гардид.

Дар давоми даҳ моҳи соли равон бошад, корхонаву коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 млрд. 273,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 140 млн. сомонӣ бештар буда, суръати афзоиш 112,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра тавассути фаъолияти босамари корхонаҳои “Моҳир семент”, “Ғаюр семент”, “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Ваҳдат”, “Талко кемикал” ва “Намаки Ёвон” ба маблағи 343 млн. 24 ҳазору 788 сомонӣ маҳсулоти сохтмонию саноатӣ ба хориҷи кишвар- Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, кишвари Туркия, ҷумҳуриҳои Украина, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон содирот карда шудааст.

Ба соҳибкорони соҳибноми ноҳия Баҳриддин Ҷурахонов ва Акбари Асадулло, инчунин ба соҳибкорони ташаббускоре ба монанди Илҳомҷон Мирзоев, Шералӣ Тағоев (раиси Ассотсиатсияи соҳибкорон), Мухторхуҷа Қоризода, Ҳикмат Муқимов, Шодихон Ғуломов, Нурмаҳмад Муродов, Ҷамил Сатторов, Лутфулло Қурбонов, Фаррух Ситамов, Хайём Қулов, Файзихон Нозимов, Азиз Усмонов, Раҷаббек Қодиров, Рустам Маханов, Исматуллои Маҳмадуллоҳ, Навоӣ Малангов, Отамурод Холмуродов, Далер Сафархолов, Фатҳиддин Нуров, Тоштемур Бобоев, Эраҷ Раҳмонов, Исломиддин Ҳакимов ва боз чандин нафарони дигар, ки дар ободонии маҳал, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмир ва чароғон кардани роҳҳо ва дастгирии эҳтиёҷмандон саҳми калон мегузоранд, изҳори сипос ва маннатдорӣ менамоям”.

Баҳриддин Ҷурахонов ва Акбари Асадулло соҳибкорони беҳтарини ноҳия дар соли 2019 дониста шуда, бо ҷоизаҳо ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон сарфароз гардиданд, инчунин ба якчанд соҳибкорони фаъол ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Умед аст, ки бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст диёри мо боз ҳам тараққӣ карда, тибқи нақшаву ниятҳои бунёдкоронаи и.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. дар ояндаи наздик симои худро куллан тағйир медиҳад.