Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 24 November 2019
  • By: korbar

 

Имрӯз, яъне 24 ноябр, дар ноҳияи Ёвон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор гардида, дар Боғи “Фароғат”-и шаҳраки Ёвон Чойхонаи нави замонавӣ ифтитоҳ карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода У.Т., и.в.Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. ширкат варзида, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои сазовор доданд.

Зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ и.в.Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед Тоир аҳли нишаст ва тамоми мардуми ноҳияро муборакбод гуфтанд. Қайд гардид, ки расми парчамдорию парчамбардорӣ оини ниёгони шарафманти мо буда, имрӯз Парчами давлатии Ҷумурии Тоҷикистон халқи мамлакатро ба сйи рушд вва музафариятои тоза ранамоӣ мекунад.

“Қобили зикр аст, ки расо даҳ сол пеш, яъне соли 2009, ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки ин мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст”- зикр намуд раиси ноҳия зимни суханронии худ.

Пас аз маҷлиси тантанавӣ аҳли ҳунар- ансамбли рақсииҶаҳоноро” ва чандин ҳунармандони маъруфи кишвар, аз ҷумла Мадина Худоёр, Эркин Одинаев, Акмали Тағоймурод, Соро Аҳмадӣ, Шаҳзоди Даврон, ҳамчунин, театрихалқии ноҳияи Ёвон барномаи консертиеро таҳти унвони “Парчами ному нанги мо” манзури аҳли нишаст гардониданд.

И.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. дар охири чорабинӣ ба аҳли ҳунар изҳори сипос намуда, бори дигар ин санаи фархундаро ба ҳамагон табрик гуфт.