Фарзанди нек боғи падар ...

  • Posted on: 23 October 2019
  • By: korbar

Муроҷиатномаи Шӯрои занони ноҳия ба кулли модарон ва бонувони ноҳия

 

Модарон ва бонувони азизу муҳтарам!

Мо, аъзои Шӯрои занони ноҳия, аз он ки имрӯз баъзе ҷавонон аз хизмати аскарӣ саркашӣ мекунанд, сахт ба ташвиш омада, бо мақсади ислоҳи ин вазъи номатлуб ба шумо муроҷиат мекунем.

Аъзои Шӯрои занони ноҳия ҳар сол ба ин ё он қисми низомӣ рафта, рафти хизмати аскариро аз наздик мебинанд. Имрӯз шароити хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ниҳоят хуб буда, ба мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ табдил ёфтааст.

Аз ҳамин ҷиҳат, мову шумо бояд бо хотири осуда ва бо мақсади он ки фарзандонамон дар рӯҳияи мардонагӣ ва ватандорӣ тарбия ёбанд, писаронамонро ба ин мактаби далериву ҷасорат фиристода, дар таъмини сулҳу субот ҳиссагузор бошем! Нагузорем, ки писарони ба ҷон баробари мо аз дарси мардиву мардонагӣ дур монанд.

Таърихи халқи бузурги тоҷик собит намудааст, ки модари тоҷик ҳамеша, дар ҳама давру замон фарзандони лоиқи давронро ба дунё оварда, марзу буми аҷдодии худро аз ҳар гуна хатару таҳдид эмин медошт.

Пас, биёед, мо- модарону бонувони ноҳияи Ёвон ин рисолати муқаддаси худро ба ҷо биёрем, нагузорем, ки фарзандони мо ахлоқи носолим дошта бошанду аз фармони Ватан - Модар саркашӣ кунанд. Фарзандони мо бояд боғи падар бошанд, на доғи ӯ.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳимояи Ватан шарафу номуси мо ва қарзи муқаддаси писарони мост!

 

Бо умеди осудагӣ ва пешрафти Тоҷикистон,

Шӯрои занони ноҳияи Ёвон.