Пули мошингузари маркази шаҳраки Ёвон барқарор мешавад.

  • Posted on: 12 October 2019
  • By: korbar

Пули мошингузари кӯчаи Р.Раҷабови шаҳраки Ёвон, ки баҳори соли 2013 дар натиҷаи омадани сел аз байн рафта буд, пас бо заҳматҳои зиёди сохтмончиён барқарор гардида истодааст.

Таҳкурсӣ ва сутунҳои пул нисбат ба ҳолати пешина бо сифати баланд ва мувофиқи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд гардида, аллакай болорҳои қисмати миёнаи пул гузошта шудаанд.

Айни замон бо истифода аз техника ва дастгоҳҳои муосир дар иншооти мазкур корҳо бомаром ҷараён доранд, Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон пули мазкур то ҷашни байналмилалии Наврӯз-2020 ба истифода дода мешавад.