Дар роҳи рушд.

  • Posted on: 12 October 2019
  • By: korbar

12 октбри соли 2019 ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оид ба баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати кишвар- директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ширкат варзиданд.

 

Муовини якуми раиси ноҳия Набизода А.А. ва муовинони раис Саъдуллозода Н. ва Саидзода Г.Г. оид ба натиҷаи фаъолияти соҳаҳои буҷет, андоз, иқтисодиёт, кишоварзӣ, хизматрасонии коммуналӣ, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориш дода, бурду бохти соҳаҳоро мавриди баррасӣ ва муҳокимма қарор доданд.

Тавре зикр гардид, нақшаи пешбинишудаи андозҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 97,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 159 млн. 969,1 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 156 млн. 73,4 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 3,3 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2018-ум 17,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи ҳашт намуди андозҳо иҷро нагардид: андоз аз арзиши иловашуда (36,3 фоиз), андози иҷтимоӣ (76,7 фоиз), андоз аз захираҳои табиӣ (83,1 фоиз), боҷи давлатӣ (97,0 фоиз), низомҳои махсуси андозбандӣ (90,1 фоиз), андозҳои маҳаллӣ, яъне андоз аз воситаҳои нақлиёт (93,0 фоиз), андоз аз молу мулки ғайриманқул (86,4 фоиз) ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ (67,6 фоиз).

Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ ба қадри 103,0 фоиз иҷро гардид, яъне ба ҷойи 76 млн. 384,9 сомонӣ ба буҷа 78 млн. 710,3 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд.

Қисми хароҷоти буҷет дар ҳаҷми 99,0 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 78 млн. 952,9 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ 78 млн. 333,5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 99 фоиз, маориф 99 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 100 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100,0 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 98 фоиз, фарҳанг 100 фоиз ва кишоварзӣ 100 фоиз.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 1 млрд. 89 млн. 945,7 ҳазор сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 млн. 285,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст. 

Ба миқдори 1 млн. 810 ҳазору 918 тонна семент, 142 тонна намаки ошӣ, 1050 тонна оҳаки сохтмонӣ, 77,4 ҳазор дона хишти пухта, 994475 дона гаҷкартон, 801,3 тонна риштаи бофандагӣ, 1897,2 ҳазор дона хишти сементӣ, 3 млн. ҷуфт ҷӯроб, 20 ҳазору 475,1 тонна орд, 4496,35 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ва дигар номгӯи маҳсулот истеҳсол гардида, 648  ҳазору 428 тонна семент, 30 тонна намаки ошӣ, 336 ҳазору 80 дона гачкартон, 617,3 тонна риштаи пахтагин, 2 млн. 225,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 38,2 тонна риштаҳои рангкардашуда ва 1534,7 тонна алюмини фтордор ба маблағи умумии 309 млн. 182 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.

И.в.раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ., директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Ш. ва муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода М.У. ба вазъи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия баҳои воқеӣ дода, ҷиҳати рафъи мушкилоти мавҷуда ва таъмини рушди бонизоми ноҳия ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳо ва тавсияҳои судманд доданд.