Ҷамъбасти нуҳмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия

  • Posted on: 7 October 2019
  • By: korbar

Дар маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, ки рӯзи 7 октябри соли 2019 баргузор гардид, и.в. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ. Ҳ. ба узвияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва Раёсати кумитаи мазкур интихоб гардид. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллозода Мақсуд оид ба тақвият додани корҳои таблиғотӣ ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардидани масъалаҳои пешазинтихоботӣ, ки соли 2020 сурат мегиранд, маърӯза намуд.

И.в. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ. Ҳ. аз боварии аъзои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон изҳори сипос намуда, нақши аъзои ҳизбро дар пешравии ҳаёти ҷомеа хеле муассир донистанд. «Агар мо - аъзоёни кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар пешорӯи маъракаҳои сиёсии дарпешистода, масъулиятпазир бошем ва дар партави ҳидояҳои Раиси ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардум фаъолияти босамар дошта бошем, интихоботҳои соли оянда дар сатҳи баланд баргузор хоҳанд гашт» - зикр намуданд Саидзода Ҷ. Ҳ.