Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

  • Posted on: 4 October 2019
  • By: korbar

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии ҶТ дар Кохи фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир намуд.

Дар оғоз и.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. аҳли нишастро таҳният гуфта, доир ба нақши забони шевои тоҷикӣ дар зуҳури шеъри баландмартабаи шоирони гузашта ва имрӯзаи миллат изҳори назар намуда, мисраъҳои обдореро аз ашъори Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ дар тавсифи забони модарӣ азёд қироат карданд. Зимни суханронии хеш раиси ноҳия аз ҷумла гуфтанд: “Забони тоҷикӣ њамчун мероси бузурги ниёгони некноми мо, ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст. Мо- соҳибони забон имрӯз вазифадорем, ки ин гавҳари пурқимматро бо ҳисси масъулиятпазирӣ ҳифз намуда, онро поку бегазанд ба наслҳои баъдӣ ба мерос монем”.