«Моҳир» боз ҳам пирӯз шуд.

  • Posted on: 24 September 2019
  • By: korbar

Рӯзи 24 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон бозии тақвимии дастаҳои лигаи 2-юми вилояти Хатлон “Моҳир” (Ёвон) ва “Сарбанд” (Леваканд) баргузор шуд, ки дар он бозингарони “Моҳир” рақибони худро бо ҳисоби калони 7 : 0 мағлуб намуданд. Њамлагари дастаи “Моҳир” Баҳровар Раҳимов дар ин бозӣ воқеан қаҳрамон буд, ӯ ба дарвозаи ҳарифон 5 гол зад.

Бояд гуфт, ки маҳорати бозингарии аъзои дастаи “Моҳир” тадриҷан беҳтар гардида истодааст, ки ин барои мухлисон боиси ифтихор мебошад.

Ҳоло дастаи “Моҳир” дар ҷадвали мусобиқа бо 34 хол аз 13 бозӣ дар ҷойи якум қарор дошта, ҳамагӣ 1 бозиро бохта, 1 бозии дигарро бо ҳисоби мусовӣ анҷом додааст.

Мухлисони “Моҳир”, хусусан овози рӯҳбаландкунандаи Саъдӣ Исмоилов ҳамеша ёвари хуб ва боварибахши бозингарони моҳири “Моҳир”-анд.

Бозии ояндаи “Моҳир” дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон рӯзи 1 октябр, соати 16:00 бо дастаи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор мегардад.

То охири мавсим боз 9 бозии дигар боқӣ мондааст.