Баракат дар дастҷамъист.

  • Posted on: 21 September 2019
  • By: korbar

Рӯзи 21 сентябр бо мақсади мусоидат дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта дар ноҳияи Ёвон ҳашари дастаҷамъӣ ташкил карда шуд. Дар ҳашар и.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроия, ҳайати кормандони ҳама ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ширкат варзида, садҳо кило дурри гаронбаҳоро ғунучин намуданд.

Имрӯзҳо дар ҳама хоҷагиҳои пахтакори ноҳия мавсими ҷамъоварии пахта босуръат идома ёфта истодааст. Заҳматкашони саҳро аз ҳар рӯзи мавсим самаранок истифода бурда, ҳосили ба ранҷ парваридаашонро ҳам ба воситаи қувваи даст, ҳам ба воситаи мошинаҳои пахтачинӣ ғунучин мекунанд.

Ҳашрчиён тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои истироҳатӣ дар паҳлуи кишоварзон истода, дар иҷрои дурнамои пахтасупорӣ ҳиссаи муносиб гузоранд.