Ояндаи обод аз заҳмати имрӯзии мост

  • Posted on: 20 September 2019
  • By: korbar

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯзи 20 сентябр таҳти раёсати и.в.Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. дар деҳоти ба номи г.Юсуфова вохӯрӣ бо соҳибкорону фаъолон баргузор гардид.

Роҳбарияти ноҳия бо омодагии сокинони деҳоти мазкур ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият шинос шуда, аз рафти сохтмон дар иншооти навбунёд, инчунин, аз ҷараёни ғунучини пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дидан карданд.

Чун вохӯрӣ дар назди нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон сурат гирифт, и.в.Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. аз ин иншооти камназир дидан карданд.

Бурду бохти Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова ва соҳибкорони ҳудуд дар рафти вохӯрӣ баррасӣ гардид ва раиси ноҳия ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани иншооти гуногунтаъинот ба масъулини соҳа ва соҳибкорон дастуру тавсияҳо доданд. Муовинони раиси ноҳия ва раиси Ҷамоати мазкур вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади суръат бахшидан ба корҳои созандагӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд, зеро ояндаи ободи Ватан аз он вобастааст, ки мо то кадом ҳад заҳмат мекашем.

Онҳое, ки дар корҳои бунёдкорӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипономаҳои раиси ноҳияи Ёвон қадрдонӣ шуданд.