Муборак, боз як мактаб муборак, Хуҷаста мақсаду матлаб муборак!

  • Posted on: 11 September 2019
  • By: korbar

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Дарагӣ, ки дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ифтитоҳ гардид, бешубҳа, боргоҳи маърифате хоҳад шуд барои наслҳои ояндасоз аз ин деҳаи хушманзараи ноҳияи Ёвон.

Ёдрас мешавем, ки то имсол деҳаи Дарагӣ мактаб надошт ва хонандагон масофаи зиёда аз 3 км роҳро тай карда, қад-қади роҳи мошингард ба МТМУ № 11 мерафтанд.

Имрӯз сокинони Дарагӣ шукронаи Истиқлолият карда, пеш аз ҳама, аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои дастгириҳояшон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” (намояндаи Тоҷикистонияш Акбар Асадуллозода) самимона изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоянд.