Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

  • Posted on: 9 September 2019
  • By: korbar

 

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус (ин ноҳия аз соли 2014 инҷониб бо ноҳияи Ёвон аҳди бародаршаҳрӣ дорад), бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҶТ рӯзи 7 сентябр ба ноҳияи мо ташриф оварданд.    Ҳайати меҳмононро нахуст и.в. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба диёри нозанини мо хайрамақдам гуфтанд. Зодагони бародаршаҳри мо дар доираи хатсайри махсус аз ҷойҳои тамошобоб, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои саноатӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дидан намуда, дар чорабинии идона, ки бегоҳи 7 сентябр дар Боғи “Фароғат” гузашт, интирок ва суханронӣ карданд.

Ҳайати меҳмонон то рӯзи 10 сентябр дар дигар тантанаҳои ҷашнӣ ширкат варзида, бо кору фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ошноӣ пайдо хоҳанд кард.