Аз файзи Истиқлолият

  • Posted on: 7 September 2019
  • By: korbar

 

Рӯзи 6 сентябр бо иштироки и.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ., директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Ш., мудири шуъбаи арзу шикоятҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Шарифзода С. дар ноҳияи Ёвон якчанд иншооти ҷашнӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба истифода дода шуд, ки як дорухона, чойхонаи миллии “Фараҳбахш”, толори варзиш ва фурӯшгоҳи молҳои занона (соҳибмулк Гадоев Исматуллоҳ), як қатор дӯконҳо дар бозори “Ансор” (соҳибмулк Сафархолов Далер), мактаби нав дар деҳаи Дарагӣ (бо саҳми маҳал ва мақомоти иҷроия), Маркази саломатӣ бо таваллудхонаи деҳотӣ (таҷдидшуда) дар деҳаи Рӯдакӣ аз ҷумлаи онҳоянд.

Сози тараб ҳам ҷӯр шуд аз файзи Истиқлолият,
Олам ҳама пурнур шуд аз файзи Истиқлолият.
Ҳар гӯшаи хоки Ватан монанди гулгашту чаман
Озодаву маъмур шуд аз файзи Истиқлолият.