Озмуни ноҳиявӣ

  • Posted on: 3 September 2019
  • By: korbar

 

 

Бо мақсади иҷрои Қарори раиси ноҳияи Ёвон оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот дар толори маҳомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи комиссияи Озмун баргузор гардид, ки дар он ҷиҳати муайян намудани беҳтарин Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тарбияи ҳисси хештеншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебошиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист ва бунёд намудани иншоотҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, боғу гулгаштҳо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар якҷоягӣ барасӣ  намуданд.

Ғолибони даври аввал дар ноҳия бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.       

            Тибқи талаботи қарори мазкур раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор карда шуданд ки, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода ва гузаронидани озмуни мазкур ба аъзоёни комиссия ва шахсони масъули  дар Ҷамоатҳо  вобаста гардида мусоидат намоянд.