Ватандорӣ масъулият аст.

  • Posted on: 14 August 2019
  • By: korbar

 

14 августи соли 2019 дар деҳоти Норини ноҳияи Ёвон вохӯрии и.в.раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. бо аҳли ҷамоатчигӣ, соҳибкорон ва дигар фаъолони ҳудуд баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати ҶТ- директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ муҳтарам Бобозода Ш. иштирок доштанд.

 

Сараввал раиси ноҳия ва намояндаи ҳукумати љумҳурӣ аз иншооти ҷашнии ҳудуди Норин, ки бо саҳми соҳибкорон бахшида ба ҷашни Истиқлолият бунёд гардидаанд ё бунёд гардида истодаанд, дидан карданд. Дар деҳоти мазкур то ҷашни 30-солагии Истиқлолият сохтану ба истифода додани 50 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

 

Раиси ноҳия аз сокинон ва соҳибкорони деҳоти Норин даъват ба амал оварданд, ки бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ баҳри ободии бештари диёр саъю талош намоянд. Дар ин кор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша онҳоро дастгирӣ хоҳад кард.

 

Дар хотимаи вохӯрӣ беҳтарин соҳибкорони бунёдкори деҳоти Норин бо сипосномаҳои раиси ноҳияи Ёвон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Қобиди зикр аст, ки соҳибкорони ноҳия аз ташаббускориҳои раиси ноҳия рӯҳу илҳом гирифта, илова ба иншооти банақшагирифташуда, сохта ба истифода додани иншооти дигареро низ ба нақша дароварда истодаанд.

 

Дархосту талаби сокинони деҳоти Норин ба инобат гирифта, бо мақсади ҳаллу фасли онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон чораҳои мушаххас андешида мешаванд.