Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз...

  • Posted on: 10 August 2019
  • By: korbar

 

 

И.в.Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта яке аз пирони рӯзгордида ё ятимону барҷомондагон ва ниёзмандонро аёдат мекунанд.

 

Дар доираи ҳамин иқдоми наҷиб, рӯзи 10 август раиси ноҳия ба манзили собиқадори соҳаи фарҳанг Саидмурод Воҳидов омада, бо эшон чанд лаҳза суҳбати гарму самимӣ оростанд ва ба он кас кумаки молиявӣ расониданд.

 

Ёдрас мешавем, ки С.Воҳидов як умр дар соҳаи фарҳангу ҳунар фаъолият карда, солҳои тӯлонӣ саррежиссёри Театри халқии ноҳия буданд. Устод он қадар дилбастаи ҳунаранд, ки ҳоло ҳам ба чӯбтарошию кандакорӣ шуғл меварзанд. Маҳсули дасти он касро имрӯз дар чандин чойхонаҳо ва хонаҳои истиқоматии одамон дидан мумкин аст.