Тани солим гарави руҳи солим аст.

  • Posted on: 10 August 2019
  • By: korbar

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таҳти садорати и.в.Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиёни Мактаби варзишӣ ва варзишгарони муваффақи ноҳия ширкат варзиданд.

 

И.в.Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. Рӯзи варзишгаронро ба ҳозирин табрик ва таҳният гуфта, бо ҳисси эҳтиром аз дастовардҳои беҳтарин варзишгарони ноҳия ёдовар шуданд. Дар суханронии он кас аз ҷумла зикр гардид, ки: “Саҳми варзишгарон дар таҳкими арзишҳои волои сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти давлатӣ шоистаи таҳсин ва арзанда ба ҳама гуна қадрдониҳост. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади тавсеаи ин соҳа тасмим гирифтааст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ боз 25 иншооти варзишии нав, аз ҷумла  як Маркази ҷавонон бунёд намояд”.  (Алҳол 234 иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардории ҷавонони ноҳия қарор дорад).

 

Дар поёни чорабинӣ ба 30 нафар собиқадорони соҳа, мураббиён ва варзишгарони муваффақ сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.