Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест...

  • Posted on: 8 August 2019
  • By: korbar

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” баргузор шуд, ки дар он и.в.Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ширкат варзида, ғолибон ва иштирокчиёни Озмуни мазкурро табрик гуфтанд. Мавсуф аз ҷумла зикр намуданд: “Бо назардошти он ки китоб ёри беҳтарин ва анису мӯниси ҳар инсон аст ва дар таҳкими маърифати шахс нақши муассир дорад, мо боварӣ дорем, ки шумо ҳамсолон ва ёру рафиқони худатонро ба китобдӯстию китобхонӣ ташвиқ менамоед”.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бо мукофотҳо сарфароз намудани беҳтарин киотбхонҳо, яъне ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” 10 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳо қадрдонӣ кард.

 

Барандаи ШОҲҶОИЗАИ даври ноҳиявии Озмун- омӯзгори МТМУ № 75-и ноҳия Темурова Фарзона соҳиби мукофоти олӣ- 2000 сомонӣ ва Дипломи дараҷаи 1 гардид. 

 

Соиб, зи ту ҳар лаҳза ба ман нек хитоб аст:

Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст!