Танзим баракати зиндагист.

  • Posted on: 8 August 2019
  • By: korbar

Зери ҳамин унвон дар арафаи Иди саиди Қурбон бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо ҷалби волонтёрон дар кӯчаву бозорҳои ноҳия аксияи иттилоотӣ доир намуд.

 

Дар ҷараёни аксия 2000 дона буклетҳо ба сокинон ва меҳмонон дастрас гардонида шуд, ки дар онҳо доир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, манфиатҳои он ва талаботу риояи ин санади муҳим маълумоти муфассал дода шудааст.

 

Воқеан, танзим баракат зиндагии ҳар як хонадон аст. Шубҳае нест, ки агар Қонуни миллии танзим пурра дар ҳаёт татбиқ гардад, сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтар хоҳад шуд.