Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар деҳоти ба номи Гулсара Юсупова

  • Posted on: 8 August 2019
  • By: korbar

Ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар самти бокортаъминкунӣ ва касбомӯзии шаҳрвандони бекор, шарикии иҷтимоӣ дар нисбати бастани шартномаҳои коллективӣ дар ҳудуди деҳоти ба номи Гулсара Юсупова доир гардид. Барои иштирокчиёни ярмарка шаҳрвандони бекору корҷӯ 112 ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Сатториён А.Г оғоз намуда иброз дошт, ки то ин давра муроҷиати 981 нафар шаҳрвандони бекору корҷу дар шуъбаи Агентӣ ба қайд гирифта шуда аз ин ҳисоб 815 нафар дар асоси роҳхат бо кор таъмин, 214 нафар ба касбомӯзӣ, 90 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ сафарбар гардиданд. Аз он ҷумла 16 нафар шаҳрвандони бекори касбу ихтисос надошта аз рӯи ихтисоси дӯзанда ва 15 нафар аз рӯи ихтисоси гулдӯз аз ҳудуди деҳоти мазкур ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда баъди хатм бо кор таъмин гардиданд.
Масъалаи дигаре, ки дар доираи чорабинӣ матраҳ гардид, рафти бастани шартномаҳои коллективӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷамоати мазкур аст, ки мутасифона ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба риоя накардани меъёрҳои қонунгузории соҳаи меҳнат мусоидат намуда истодааст
Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова Холов Раҷабалӣ оиди нишондиҳандаҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳия барои солҳои 2018-2019 дар ҳудуди деҳоти мазкур маълумот дод.
Дар анҷоми чорабинӣ ба 16 нафар роҳхати бокортаъминшавӣ, 3-нафар роҳхат ба касбомӯзӣ дода шуда, ба 15 нафар хатмкунандагони курси касбомӯзии гулдӯзӣ дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаи тахассусӣ супорида шуд.