«Халқро тақлидашон барбод дод, Эй дусад лаънат бар он тақлид бод».

  • Posted on: 6 August 2019
  • By: korbar

Устоди дақиқназар, Мавлонои бузург Ҷалолиддини Балхӣ, ки донандаи беҳтарин расму русум ва анъанаҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, низ муқобили ҳамагуна рафтору урфу одати зарарнок пайгирона мубориза бурдааст ва таклиди ноогоҳонаю кӯр-кӯронаро хеле нишонрас мазаммат кардааст:

     

    Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангӯӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд  бардоштани сатҳи иҷтимоию иқттисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

      Пӯшида нест, ки тоҷикон дар тӯли таърих ба як қатор дастовардҳои моддию маънавӣ, фарҳангофаринӣ, маърифатбунёдӣ дар ҷаҳон шуҳратёр гардидаанд. Манзур аз ин мақола эҳёи расму русуми аҷдодӣ дар доираи фарҳанги миллӣ аст, ки нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон мебошад.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад.

      Омилҳое, ки ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд: омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд. Ҳамин тариқ, чуноне таҷриба нишон дод, айни замон зарурати такмил  додани ин Қонун тақозои замон аст. Нақши ин Қонун дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум беназир аст, ҳарчанд  ки натиҷаҳо назаррас аст, зарурияти такмил додани ин Қонун тақозои замон аст. Танзим падидаи иҷтимоию фарҳанги миллӣ буда, риояи ин қонун дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми меҳнатқарин ва заҳматпеша иқдоми наку мебошад.

     Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бо умеди зиндагии осоиштаи мардуми заҳматкаши кишвар дар ҳаёт татбиқ намудани ин қонунро амри воқеӣ мешуморад. Дар баробари кӯшиш баҳри ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҳар як фарди бедордили миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.

       Дар ҳар давру замон низ вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорӣ вобастагӣ доранд. Дар ин радиф пандҳои ахлоқии Бузургмеҳр айни муддаост, ки рӯзе аз ӯ пурсидаанд: «Чаро дӯстон ба осонӣ душман мегарданду душманон бо машаққат дӯст мегарданд?»  Бузургмеҳр ҷавоб дод: «Чунки сӯхтан осон аст, сохтан мушкил аст, шикастан осон аст, пайвастан мушкил аст. Маблағ сарф кардан осон аст, маблағ ёфтан мушкил аст».

     Хулоса, кори аз ҳама мушкил эҷод кардану обод кардан аст. Он паҳлуҳои фаъолияти инсонро унсур меноманд, ки дар муддати дуру дарози таърихӣ тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва заковати инсон ба вуҷуд меоянд, ҳамчунин фарҳанг ном бурда мешаванд. Бинобар ин, муҳимтарин унсурҳои фарҳанг забон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, расму оин, санъат ва ғайраҳо мебошанд.

    Унсурҳои фарҳанг таърихи қадима доранд, ки онҳо ҷавҳари фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфта, неруву хирад, меҳру муҳаббатро ба худ касб намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқҳо гардидаанд.

     Фарҳангҳо якранг нестанд, чунки дар тӯли таърихи инсоният аз насл ба насл гузашта, ба фарҳангҳои наслҳои гуногуни ҷаҳон бархӯрда, омезиш меёбанд, маҳз дар ана ҳамин бархӯрдҳо заифию бузургии худро дармеёбанд. 

        Дар тӯли таърих аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ бисёр кӯшишҳои аз байн бурдани забон, адабиёт, фарҳанг, илм, маориф, санъат ва умуман ҳувияту худшиносии миллати тоҷик ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо миллати озодандешу ободкори мо ҳамаи мадду ҷазр ва тӯфонҳои харобкори зиндагиро бо неруи созандаи худ паси сар карда, аз имтиҳони пуршиддати таърих шарофатмандона гузашт ва имрӯз бо сарварии Пешвои худ ба бунёди як ҷомеаи воқеан миллӣ камар бастааст ва умед аст, ки мо дар ҳама ба комёбиҳо муваффақ хоҳем шуд.