Офтобро бо доман пӯшида намешавад (Ҷавоб ба мақолаи «Воқеият ва худнамоӣ»)

  • Posted on: 19 November 2018
  • By: korbar

Бо ин сарлавҳагузории сунъӣ ва дур аз воқеият масъули фирории  сомонаи «payom.net», ба гумони ғолиб бо такя ба таҳлили тарзи  навиштории мақола-Бобоҷони Қаюмзод, ки дарбадару овора, дар яке аз кишварҳои назди баҳри Балтика дар кунҷаки хобгоҳи муҳоҷирон орзуи касби  паноҳҷӯйи №1 сиёсиро дар дил мепарварад, тааллуқ мегирад. Сангпартоӣ ба муқобили  манфиатҳои миллӣ дар тору пуди намояндагони оппозитсия мавҷуд мебошад. Онҳо тафовути муборизаи сиёсиро аз душманӣ бо миллати тоҷик аз ёд бурда, нафрати беандоза бо лоиҳаҳои сарнавиштсоз ва калидии саноатӣ доранд.

Мардум ҳама медонанд, ки мухолифони сарсахти сохтмони НБО «Роғун» ҳамин оппозитсия ва ҳалқаҳои ба онҳо наздик буданд. Ба таври ҷунунӣ ва тобишҳои девонавор, ин оппозитсияи бегонапараст муносибати то сарҳади нафрату адоват нисбат ба пешрафти НБО «Роғун»-ро доранд.  Онҳо солҳои 90-уми асри гузашта,  кампанияи таблиғотии зидди сохтмони НБО «Роғун»-ро ба роҳ монда, боиси фирори оммавии мутаххасисони русзабон, ки генофонди миллати тоҷик ҳисобида мешуданд, гардиданд.

Бо баҳонаи он ки дар натиҷаи сохтмони НБО «Роғун» 2-3 деҳа таги об мемонанд, ҳамин «роғунхаробкунҳо», ки ҳоло ба таҳрифи таърих даст зада, «Роғунсоз» шудаанд,  чунон ҳангома карданд, ки гӯё дунё тагу рӯ шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сармоягузорони ояндадорро  тарсонданд. Муҳит солими кориро аз байн бурданд.

 Аз ҳама бадтаринаш мардуми деҳаҳои атрофи ноҳияи Нурободро дар ҷойи амали созандагӣ шӯронданд ва онҳоро аз тарафдорони сохтмон ба мухолифони рафти он табдил доданд.  

Монеи асосии ба таъхир афтидани сохтмони НБО «Роғун» ҳамин ҳизби террористии ТТЭ ҲНИ мебошад. Онҳо ҳама вақт хилофи ободкорӣ буданд ва мемонанд. Дар ақли онҳо намедарояд, ки ин миллат барои рифоҳу осоиштагӣ, кӯҳро шикофт ва дар дили сахраву сангпораҳо ҷой кард. Барои оппозитсия минтақаи кӯҳӣ фақат барои пойгоҳи ошӯб истифода кардан мебошад. Ҳукумат мантиқи ин ёваҳои худхоҳро иваз карда, кӯҳро дар истифодаи умумии халқ монд.

Офтобро   бо доман пӯшида намешавад. Ҳукумат Роғун сохт ва оппозитсияи бериё мухолифи сохтмони он буд ва аст. Аз дур истода сохтани чизе имкон надорад.  

Ғарибӣ, сардӣ, гуруснагӣ, афсурдагӣ, рӯҳафтодагӣ, домангири ин муҳоҷирон ба номи худашон «наҳзати сиёсӣ» аст. Касе нес тки ба ин бечораҳо нон диҳад, кучо расад ба сохтани чизаке…

Эшон тавони дидани  рушду нумуъи кишварро надоранд. Ҳаёту мамоти мо агар Роғун аст, ҳаёту мамоти онҳо харобкорӣ ва чулу чаповул аст.  Худ бо маблағи мустамлика ва истикбори кишварҳои калон сарфи рӯзгор мекунанд. Гуноҳи кабираи худро эҳсос намекунанд, вале дар чашми дигарон хорро мӯшикофона наззора мекунанд.

           

    Рашид Равшанов, барқсоз