“Модар - биҳишти ман”

  • Posted on: 8 March 2023
  • By: korbar

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови шаҳраки Ёвон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он собиқ муовинони раиси ноҳияи Ёвон Тоҷинисо Худойбердиева, Тоҷинисо Шарифова ва Зумрад Умматзода, модари қаҳрамони шуҷо Фирдавси Анвар, занони собиқадору роҳбар, хизматчиёни давлатӣ, духтарони муваффақу фаъол, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд.

И.в. Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ ин санаи фархундаро ба аҳли нишаст табрик гуфта, хидматҳои шоистаи занони собиқадорро дар рушду нумӯи диёр васф намуд ва нақши арзандаи бонувони роҳбар, ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар амри пешрафти кунунии ноҳия лоиқи таҳсин хонд.

Дар суханронии раиси ноҳия аз ҷумла зикр гардид: “Итминони комил дорем, ки модарону хоҳарони азизи ноҳияи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти Давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин таманно, ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми занону модарон ва хоҳарони арҷманди ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори осуда орзумандам”.

Раиси ноҳия пас аз табрикоташон ба занони собиқадор, табибон омузгорон ва дигар қишри ҷомеа бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд  

Барномаи консертии “Модар - биҳишти ман”, ки тараннумгари меҳру садоқати модар ва назокату латофати бонувон буд, ин чорабинии фарҳангиро ба ҷашнии воқеии модарон, бонувон ва гулдухтарон табдил дод.