ПЕШГИРӢ ВА ҲИФЗИ ҶОМЕА АЗ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДОИМИСТ

  • Posted on: 24 August 2022
  • By: korbar

Дар хаёти имрӯзаи сокинони ҷахон хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии кишвархои ҷаҳон мебошад.

Имрўз амалҳои  терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ  пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандон гардонида истодааст.

Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд.

Имрӯз дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарзода Ғ.- сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Раҳимзода Р.- сардори раёсати кор бо занон ва оила, Шарифзода М.- мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои афкорашон ботил, мағзшӯии насли наврас, тақлид ба фарҳанг ва ақидаҳои бегонаи хатарнок бо фаъолони ноҳия мулоқот баргузор гардид.