табрикоти раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

  • Posted on: 26 June 2022
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз, собиқадорони меҳнат

ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушди тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд”.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Меъмори давлати навини миллии тоҷикон, Роҳбари давлати мо пайваста ҳушдор медиҳанд, ки “Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад”.

Дӯстони иззатманд!

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, воқеан барои қатъи мухолифати мусал-лаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, далели воқеии барҷастагии пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулагроӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони халқи тоҷик ва давлати тозаистиқлоламон рух дод, боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Ҳадафҳои ғаразноки онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Хушбахтона бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтаанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ талош варзида истодаанд

Ҳамдиёрони азиз!

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан  тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз  харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кӯшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ намуд, то ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳамчун умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор гардад.

Ҳозирини иззатманд

Бояд хотирнишон кард, ки ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон– зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.

Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ тадриҷан бартараф карда мешаванд.

Мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманона-ашон даст накашидаанд.

Терроризму экстремизм ва хурофотпарастӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо, хатарҳои аввалиндараҷа мебошанд.

Пӯшида нест, ки вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд.

Табиист, ки дар чунин шароит аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои миллату давлат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.

Бовар дорем, ки хурду бузурги ноҳия минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кӯшишу талоши ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарба месозад.

Бо умеди он ки ваҳдати миллӣ дар кишвари маҳбуби мо пояндаву ҷовидон бошад, ба ҳар як сокини ноҳия, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Бигзор истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандӯст оташи меҳру ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад.

ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОШАД, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!