Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум дар толори қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид.

  • Posted on: 25 June 2022
  • By: korbar

Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро доир гардида, дар кори иҷлосияи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон муҳтарам Исматзода Тоҷиддин, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомот ва дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони воситаиҳои ахбори омма ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 8 масъала-

1. Ахбороти комиссияи ноҳиявии интихобот  оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаҳои интихоботии № 22, 26, 32 ва тасдиқ намудани ваколати вакилӣ

   2. Рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони ноҳияи Ёвон аз 29 декабри соли 2020, № 628 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию  иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025»  

   3. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи захираҳои табиӣ.

   4. Ҳисобот оид ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии обтаъминкунии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон”

5.  Дар бораи дархостҳои вакилӣ.

6. Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 16 марти соли 2020, № 6 “Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон”.

   7. Ахбороти Прокурори ноҳияи Ёвон “Оид ба вазъи иҷрои қонунхо, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷинояткорӣ др ҳудуди ноҳияи Ёвон”

   8.  Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия ворид карда шуд.

Сипас маърузаи муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Тағой оид ба баррасии масъалаи дуюми иҷлосия шунида шуда, бо вазифагузориҳо вакилон қарори дахлдор қабул карданд.

Дар идомаи кори иҷлосия раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон Ҳайдаров Қурбон оид ба масъалаҳои тараққиёти саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ инчунин Файзуллоев А. роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии обтаъминкунии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон”  оид ба рафти амалишавии лоиҳа ҳисобот доданд.

Раиси ноҳия ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани лоиҳа ва Барномаҳо чораҳои саривақтӣ андешида, бобати иҷрои он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар идома, вакилон ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи мухталифи ноҳия мавриди баррасӣ қарор доданд

Вобаста ба масъалаи  ҳафтуми рӯзномаи иҷлосия “Оид ба вазъи иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷинояткорӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон” прокурори ноҳия Шарифзода  Маҳмудҷон  изҳори ақида намуданд.

Вакилон аз рӯи зарурият барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз 16 марти соли 2020, № 6 “Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон”  қарори дахлдор қабул намуданд.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон як қатор қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳияиро дар робита ба масъалаҳои муҳими ноҳиядорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ғолибони соҳаҳои мухталифи ноҳияро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдони намуданда, кулли сокинони ноҳияро бо Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта ба онҳо сиҳатмандию пирӯзӣ, муваффақият, саодати рӯзгору хонаободӣ ва оромию осудагиро таманно намуда, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоиро орзу намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум кори худро анҷом дод.