РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. ҚУТБИДДИН САФАРХОЛОВ

  • Posted on: 20 June 2022
  • By: korbar

Инсони наҷибу некӯхисол, шахсияти камназире, ки умри азиз ва нерӯи хастанопазири худро сарфи хидмати халқу ватан кардаанд, устод Қутбиддин Сафархолов имсол синни мубораки 85-солагиро пур карданд.

Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия, расиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Хатлон, собиқадорони меҳнат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Зиндагиномаи Қ.Сафархолов китоби ибратбахшест, ки дар ҳар саҳифаи он панду андарзҳои пурқиммат дарҷ ёфтаанд.

Дар оилаи марди хирадманд- усто Сафархол ба дунё омадану тарбия гирифтан, аз падари худ омӯхтани роҳу равиши ҷавонмардона, ба воя расидан ва таҳсили ибтидоӣ гирифтан дар солҳои пурмашаққати ҶБВ, таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, омӯзгорӣ кардан дар мактаби миёна, роҳбарии коллективи омӯзгорон, фаъолияти пурмаҳсул дар шуъбаи идеологии кумитаи ҳизбии ноҳия, ниҳоят, хизмати пурарзиши беш аз 30-сола дар соҳаи амнияти миллӣ ва дар маҷмӯъ тайи беш аз 50 сол садоқатмандона хизмат намудан ба халқу ватан устодро то ба дараҷаи “инсони халқӣ” расонидааст.    

Садоқат ба касби интихобнамуда, матонату иродаи оҳанин ва дасту дили пок он касро аз зинаи корманди қатории мақомоти амниятӣ то ба вазифаҳои сардори шуъбаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боло бурдааст.

Аз соли 2008 то инҷониб дар Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия кору фаъолият дошта, қариб 9 сол мешавад, ки масъулияти сарварии Шӯрои мазкурро ба зимма доштанд ва имрӯз ин вазифаро ба бонуи соҳибэҳтиром Раҷабгул (Нозигул) Раҳматуллоева супориданд.

Заҳматҳои пурмаҳсули он кас бо нишону медалҳои зиёде аз қабили нишонҳои “Барои хизмати шоиста” (1987), “Барои шуҷоати шахсӣ” (1989) (ягона корманди соҳаи амнияти миллӣ, ки дар ҳудуди Осиёи Миёна ба ин шараф сазовор гардидааст), се нишони “Барои меҳнати бенуқсон”, Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишону медалҳои зиёди ҷашнӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр карда шудаанд.

Дар баробари фаъолияти корӣ, устод Қ.Сафархолов асарҳои публитсистӣ ва очерку ёдномаҳо низ эҷод мекунанд. Соли 2015 якҷоя бо мо китоби “Зафармандон”-ро таълиф намуда, ду сол пеш порае аз зиндагиномаи хешро дар китоби “Хотираҳо” чоп карданд. Фаъолияти кории он кас дар китоби “Исёни номус” (дар таҳияи Раҷаби Мусулмониён), инчунин, дар чандин китобу мақолаҳои дигар инъикос ёфтааст.

Раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва муовини директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон Раҷабзода Файзиддин Муҳаммадӣ дар бораи кору фаъолият ва зиндагиномаи ибратбахши Қ.Сафархолов суханронӣ карданд.

Барои фаъолияти пурсамар ба Қутбиддин Сафархолов аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Хатлон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.