Табрикоти Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ. Ҳ. ба муносибати ҷашни Соли нави мелодӣ (31 декабри соли 2021)

  • Posted on: 31 December 2021
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

Инак, пас аз чанд лаҳза мову шумо бо соли 2021 хайрбод гуфта, бо орзуву ниятҳои нек соли нави 2022-ро истиқбол мегирем.

Фарорасии соли нави мелодиро ба ҳамаи шумо ва тамоми сокинони шарафманди ноҳияи Ёвон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу сафо, офияту саодатмандӣ, бахту иқбол ва рӯзгори пурфайзу бобаракат таманно менамоям.

Соле, ки моро падруд мегӯяд, барои мардуми кишвар, аз он ҷумла барои сокинони ноҳияи Ёвон давраи музаффариятҳои тоза ва рушду тараққиёти бесобиқа, соли таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ин лаҳзаҳои пурфараҳ, дар лаҳзаҳое, ки одатан бурду бохти яксола баррасӣ ва баҳогузорӣ карда мешавад, месазад зикр намоем, мардуми кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи соли сипаришаванда дар доираи омодагиҳо ба ҷаш-ни мазкур ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд.

Аз баракати Ҷашни Истиқлол ҳар як гӯшаи Тоҷикистон, аз он ҷумла ноҳияи Ёвон боз ҳам ободу зеботар гаштааст.

Бахшида ба ҷашни мазкур дар ноҳия 368 иншоот ба истифода дода шуд, ки ин баробари 107,9 фоизи дурнамо мебошад.

Ба ҳама соҳибкорон ва онҳое, ки бо бунёди иншооти нав, таъмиру тармими роҳҳо, чароғонсозии кӯчаву маҳаллаҳо ва дигар корҳои хайру савоб дар ободонии диёр ва истиқболи сазовор аз ин ҷашни умумимиллӣ саҳми арзанда гузоштаанд, самимона изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоям.  

Ҳамчунин, тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, № 510 таъмир ва азнавсозии бинои беморхонаи марказии ноҳия ва барқарорсозии бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон дар назар дошта шуда буд.

Бо мақсади азнавсозии комплекси нотамоми беморхонаи марказӣ то инҷониб 19,5 миллион ҷудо гардида, марҳила ба марҳила барои шуъбаҳои беморхонаи марказӣ шароити созгор муҳайё карда шуд. Аз ҷумла моҳи марти соли ҷорӣ шуъбаҳои қабул, қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, имсол дар кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Меҳвар, Расул Раҷабов, Ҷомӣ ва Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ёвон масоҳати 925 м2 сафолакпӯш карда, бо ин мақсад аз буҷаи маҳал маблағи 105 ҳазору 570  сомонӣ ҷудо гардид. 

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи таъминоти аҳолии маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ ба КДФ “Обу ташноб ва гармидиҳӣ” 7 техника, аз ҷумла 1 мошини махсуси бартарафсозии садамаҳои хатҳои обгузар, 1 мошини махсуси ахлоткашонии тамғаи КО-503, 1 мошини махсуси қубуртозакунандаи тамғаи КО-514, 1 мошини борбардори иқтидори борбардориаш 3,5 тонна, 1 микроавтобуси дорои 11 ҷойи нишаст, 1 Экскаватори  тамғаи ХН 90-9Х, 1 трактори МТЗ-80 бо ядакаш ва се механизм, аз ҷумла 1 дастгоҳи сайёри Компрессор, 1 Агрегати кафшергарӣ ва 1 дастгоҳ барои буридани мумфаршҳо (фреза) ворид гардида, дар ояндаи наздик бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон таъмиру тармим карда хоҳад шуд. 

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия 6 нақлиёти партовкашонӣ, 2 механизм, аз ҷумла 1 булдозер ва 1 нақлиёти борбардор (мехлопата), 100 қуттии партови сарпӯшдор, 277 қуттии партови бесарпӯш харидорӣ ва ба тавозуни раёсати комуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон гузаронида шуда, рӯзҳои наздик харидории мошинҳои махсусгардонидашуда ба анҷом мерасад.

Имрӯзҳо корҳо дар сохтмони партовгоҳи нав, гӯронидани партовгоҳи амалкунанда, сохтмони нуқтаҳои партовпартоӣ ва аз нав барқароркунии идораи раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон идома дорад.

Дар сурати ба пуррагӣ амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур, ки соли 2022 дар назар дошта шудааст, сатҳ ва сифати хизматрасонии коммуналӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда,  ба беҳтар гардидани вазъи экологии ноҳия мусоидат менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 2 млрд. 956 млн. 624,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 348 млн. 728,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар  давоми ёздаҳ моҳи соли 2021 аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 255 ҳазору 227 тонна, аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 165 ҳазору 100 тонна, ҷамъ ба миқдори 420 ҳазору 327 тонна семент ва аз корхонаи “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” ба миқдори 393 ҳазору 842 дона гачкартон ба хориҷи кишвар содирот гардида, алҳол содироти маҳсулоти саноатӣ идома дорад.

Бунёди корхонаву коргоҳҳо ва бо шуғл таъмин намудани аҳолии бекор ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар ин давра коргоҳи истеҳсоли дастпӯшҳои коргарии ҶДММ “Ваҳдат текстайл” бо иқтидори истеҳсоли 5 млн. ҷуфт дастпӯш дар як сол, бо 21 ҷойи кори доимӣ, 11 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла чор коргоҳи истеҳсоли нон, як коргоҳи истеҳсоли орд, се коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва се коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ бо 35 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд.

Ҳаҷми сармоягузориҳо ҳамагӣ 100 млн. 884,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбатан 63 млн. 631,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Фондҳои асосӣ ба маблағи 95 млн. 932,2 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 75 млн. 377,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Иҷрои корҳои бинокорию васлгарӣ ба 95 млн. 438,1 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбатан 66 млн. 35,0 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар масоҳати 44341 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки ин нисбатан 11446 метри мураббаъ бештар мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки рӯзи 26 марти соли равон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо ба вуқӯъ пайваста, бо иштироки он кас фермаи чорвои калони гуштии ҶДММ «Мармарӣ» барои нигоҳдории 3000 сар чорво дар деҳоти Обшорон (ба маблағи 8.5 млн. доллари ИМА аз ҷониби ҶДММ «Мармарӣ», бо зиёда аз 100 ҷойи корӣ) ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дар шаҳраки Ёвон пули автомобилгарди кӯчаи ба номи Расул Раҷабов, ки дар натиҷаи боришоти боронҳои бошиддат 25 апрели соли 2014 вайрон шуда буд, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо истифодаи маблағҳо аз буҷаи маҳал ва саҳми соҳибкорони саховатпешаи ноҳия бо дарозии 63 метр, паҳноии 19 ва иқтидори вазнбардории 80 тонна бунёд гардид.

Дар кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳраки Ёвон боғчаи бачагонаи хусусӣ, ки аз се бино иборат мебошад, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло ба маблағи 15 млн. сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 315 нафар кӯдакон ҷалб гардида, барои таълиму тарбияи онҳо 35 нафар кормандон ба кор таъмин шуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ бо рафти амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби нӯшокӣ, идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва сохтмони корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» шинос шуда, барои бунёди бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санги асос гузоштанд.

Тибқи супориши Роҳбари давлат корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон оғоз гардида, бо ин мақсад аз буҷаи маҳал 2 млн. 250 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 22 октябри соли 2021, таҳти № 2280 қабул гардида, лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Мусаввир” омода гардида истодааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дар ояндаи наздик оғоз меёбанд.

Вобаста ба бунёди корхонаи истеҳсоли гачкартон низ роҳбарияти ҶДММ “Чжунгтсай моҳир семент” чораандешӣ намуда таҷҳизотҳои технологии корхона аз Ҷумҳурии мардумии Чин харидорӣ гардидааст ва дар муҳлатҳои муайян ба корхона ворид карда мешавад. Имрӯзҳо ҷиҳати бунёд намудани корхонаи истеҳсоли гачкартон корҳои заминӣ оғоз гардида, бо ворид шудани таҷҳизотҳои технологӣ ба корхона васлу насби дастгоҳу таҷҳизотҳо оғоз мегардад.

Бо мақсади таъмиру тармим намудани бинои наве, ки барои ҷойгир намудани осорхонаи ноҳия интихоб гардидааст, аз ҳисоби буҷаи маҳал 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, имрӯзҳо корҳои азнавсозӣ дар он идома доранд. Бинои нави осорхона дар муҳлатҳои муайян ба истифода дода хоҳад шуд.

Бо саҳми соҳибкорон 2,1 км роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои Меҳвар, Мирзо Турсунзода ва Расул Раҷабов дар масоҳати 29530 м2 ба маблағи умумии 3,5 млн. сомонӣ, инчунин, 1,4 км дар кӯчаҳои ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҷалолиддин Бобиеви шаҳраки Ёвон мумфарш карда, масофаи 900 метр роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи деҳаи Пахтакор-2 аз деҳоти Норин ба масофаи 1950 метр ба маблағи 6,4 ҳазор сомонӣ сангфарш, роҳи деҳаи Парчасойи деҳоти Обшорон ба масофаи 1,6 км ба маблағи 1 млн. сомонӣ мумфарш, роҳҳои деҳаи Қашқароҳаи деҳоти Обшорон ба масофаи 1,5 км, деҳаи Алишер Навойии шаҳраки Ҳаёти Нав ба масофаи 550 метр ба маблағи 192,5 ҳазор сомонӣ мумфарш карда, дар ҳамин деҳа ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ таъмири ҷории роҳҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин, 4 пули автомобилгард дар роҳҳои байнидеҳавии деҳоти Норин ба маблағи умумии 166 ҳазор сомонӣ таҷдиду азанавсозӣ карда шуд.

Дар самти беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия низ чун солҳои пешин тадбирҳои зиёд амалӣ гардида, имсол дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 72, 59, 69, 53, 28, 24, 17, 81, 39, 41, 27 ва 77 дар маҷмӯъ 38 синфхона бо 988 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд ва алҳол сохтмони 4 бинои иловагӣ идома ёфта истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки 12 нафар ҳамдиёрони мо ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат ёфта, омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистон Сайрамбӣ Воҳидова дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосир соҳиби ҷойи 3-юм (диплом, ҷоиза ва 20000 сомонӣ) гардид.     

Дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ бошад, 18 нафар, аз ҷумла 4 нафар хамкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ғолиб омаданд.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизам” сокинони ноҳия Раҷабов Насим дар номинатсияи композиторӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Ҷабборов Асадулло дар номинатсияи овозхонӣ соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида, 7 нафари дигар барои иштироки фаъолона бо дипломҳои кумитаи тадорукот мушарраф гардонида шуданд.

Дастаи ҳаваскорони ноҳия имсол дар даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” ғолиб омад ва дар даври ҷумҳуриявии Фестивали мазкур бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷойи 2-юм гардид.

Чанд рӯз пештар мову шумо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми Тоҷикистон шунидем.

Албатта, иҷрои саривақтии нишондодҳои Паём аз ҳар як сокини ватандӯсти кишвар ҳисси хосаи ватандорӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо мекунад. Тарғибу ташвиқи иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни аҳолӣ вазифаи муқаддаси ҳамаи мо ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат, аз ҳамаи шумо хоҳишмандам, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри пешрафту тараққии бештари Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошед.

Воқеан, соли 2021 бо дастовардҳои зиёди худ дар таърихи кишвари азизамон ҳамчун соли созандагиву бунёдкориҳои бемисл сабт шуда, дар роҳи эъмори давлати навини миллӣ қадами ҷиддӣ ва устувор гардид. 

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми сокинони соҳибиқболи ноҳияро бо фарорасии соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, таманно мекунам, ки аз оғози соли 2022-юм кору фаъолияти ҳаррӯза ва саъю талоши ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу ватандӯст ба номи Ватани маҳбубамон Тоҷикистон, ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон ва бунёдкориву созандагии диёри азизамон анҷом пазирад.

Бигзор, соли нав барои мардуми Тоҷикистон соли сулҳу амонӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои нав ба нав гардад.

Соли наватон муборак бод,

ҳамдиёрони азиз!