ҚАДРШИНОСИҲО ДАР АРАФАИ ҶАШНИ СОЛИ НАВ.

  • Posted on: 30 December 2021
  • By: korbar

Бахшида ба ҷашни Соли нави мелодӣ дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълимгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сару либоси зимистона ва туҳфаҳои идона, инчунин, аз тарафи соҳибкорону саховатмандон туҳфаҳои идона, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон маводи ғизоӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба бошандагони Хонаи пиронсолон ва маъюбон, ба сарбозону афсарони Қисми низомии 6593, ба бошандагони Маркази рӯзонаи пиронсолон ва маъюбон туҳфаҳои идона, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва равшанидиҳанда, маводи шустушӯ ва истифодаи ҳаррӯза тақдим карда, дастархони идона ороста шуд. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро хонандагон ва бошандагони муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ ва сарбозону афсарони Қисми низомии 6593-ро ба муносибати ҷашни Соли нав табрик гуфта, изҳор намуд, ки масоили будубош, таҳсил ва вазъи хизмати онҳо ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.