ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ.

  • Posted on: 13 September 2021
  • By: korbar

7 сентябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтови шаҳраки Ёвон ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, инчунин, собиқ раисон ва муовинони раиси ноҳияи Ёвон, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқсоҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия,раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат, муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам, собиқ муовини раиси ноҳияи Ёвон Каримиён Имомназар, узви Маҳфили адабии “Худафрӯз”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронӣ карда, аҳли толорро ба муносибати Ҷашни Истиқлол табрик гуфтанд.

Пас аз маҷлиси тантанавӣ ба се нафар сокинони ноҳия мукофотҳои давлатӣ- ба мудири шуъбаи бемориҳои сироятии калонсолони БМН Содиқзода Қиёмиддин Медали шафқат, ба омӯзгори мактаби бачагонаи санъат Гулонов Содиқҷон Медали хизмати шоиста ваба шодравон Холов Барфихон- директори иҷроияи корхонаи “Моҳир семент” пас аз марг Медали шоиста, ҳамчунин, ба як қатор фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқ ва соҳибкороне, ки дар чорабиниҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни мазкур саҳми арзанда гузоштаанд, ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон тақдим карда шуд.

Дар охир бахшида ба Ҷашни Истиқлол таҳти унвони “30 соли Истиқлол - 30 муждаи Истиқлол” барномаи аҳли фарҳанг манзури аҳли толор гардонида шуд.