ЁВОН МАКОНИ ФАЗЛУ ҲУНАР АСТ.

  • Posted on: 10 August 2021
  • By: korbar

8 августи соли 2021 дар қасри консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Андалеб” ҳунармандону ҳаваскорони ноҳияҳои Ёвони вилояти Хатлон ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз рӯи 12 номинатсия ҳунарнамоӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни мазкур 22 шаҳру ноҳияи дар даврҳои вилоятӣ ғолибомада аз тамоми кишвар ширкат меварзанд. То 8 август аллакай аҳли фарҳанги 16 шаҳру ноҳия ҳунари худро ба намоиш гузоштанд ва алҳол холҳои аз ҳама бештарро ноҳияҳои Ҷаббор Расулов (111,7 хол) ва Ёвон (111 хол) ба даст овардаанд.

Воқеан, чуноне раиси ҳайати ҳакамони Фестивал-озмун Дилшод Раҳимӣ изҳор дошт, пешниҳоди ин ду ноҳия фарқкунанда буд.