Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
Дасти муҳтоҷон гирифтан айни эҳсону сахост.
Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар ҳамраҳӣ бо муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаи эҳтиёҷманд- сокини маҳаллаи Саъдии Шерозии шаҳраки Ёвон Сафарова Зиёда ва як нафар маъюб- сокини деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх Ҳусейнова Нигинаро аёдат намуда, ба онҳо кумакҳои моддию пулӣ расониданд. Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 40 нафар ятимони кул 20000 сомонӣ (ба ҳар нафар 500 сомонӣ) кумак расонида, барои бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи “Умед” ва Хонаи пиронсолон ва маъюбон ва сарбозони Қисми низомии 6593-ро бо ҷашни Соли нав дастурхони идона оростанд. Ба ҳар нафар бошандагони муассисаҳои мазкур туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон дар ҳама шаҳраку деҳоти ноҳия ба ниёзмандон чунин кумакҳо расонида шуданд