Сегодня в рамках рабочей поездки в Пянджский район Хатлонской области Основатель мира и национального...
МАСЪУЛИЯТИ МО КАФОЛАТИ РӮЗГОРИ ОСУДАИ МОСТ.
Таҳти ҳамин унвон гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои иттилоотӣ ташкил намуда, ба ҳар як оила Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дастрас намуда истодаанд. Дар Муроҷиатномаи мазкур аз ҳар як сокини ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба эътибор гирифта, -дар истифодаи неруи барқ сарфакорӣ намоянд, -ҳар як ваҷаб замини назди ҳавлии худро самаранок истифода баранд, -бо мақсади пешгирӣ аз хатари бемории Covid-19 қоидаҳои санитарӣ-гигиениро риоя кунанд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода баранд. То 22 декабри соли 2020 ба 30574 хонавода муроҷиатномаҳо дастрас гардонида шудааст, ки ин баробари 92,6 фоизи хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия мебошад. Аксияҳои иттилоотӣ ва суҳбату вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ идома ёфта истодаанд.