ШОД КАРДАН ҲУНАР АСТ.

  • Posted on: 12 December 2020
  • By: korbar

 Дастгирии маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ дар сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи меҳварӣ дорад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади татбиқи чунин иқдомҳои инсондӯстонаи Роҳбари давлат пайваста тадбирҳои хайрхоҳонаро роҳандозӣ мекунад. Дар ҳамин робита, рӯзи 12 декабри соли равон туҳфаҳои молиявӣ ва хотиравии раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба муносибати тӯйи домодияш ба сокини деҳаи Тутаки деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов - маъюби гурӯҳи 1 Камолов Абдулло тақдим карда шуд. Раиси ноҳия Абдуллоро бахшида ба ин рӯзи фархунда ва фаромӯшнашавандаи ҳаёташ самимона табрик ва таҳният гуфта, изҳор дошт, ки ин табақаи аҳолӣ таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва аз ин рӯ, бояд асло афсурдахотиру дилшикаста набошанд.