Президенти мо боиси ифтихори мост!

  • Posted on: 18 November 2020
  • By: korbar

16 ноябр дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Президент ва 28-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона баргузор гардид. Раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро аҳли толорро ба муносибати ин санаи фархунда табрик ва таҳният гуфта, доир ба аҳаммияти таърихӣ ва сиёсии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати миллии тоҷикон маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Зимни суханронии раиси ноҳия зикр гардид, ки миллати тоҷик маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бузургтарин рӯйдоди даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад, ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расид. Иҷлосияи мазкур барои мардуми мо иҷлосияи наҷотбахш ва тақдирсоз гардид, зеро он халқи Тоҷикистонро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии кишварро ҳаллу фасл намуд, барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ заминаи мустаҳкам гузошт ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Бахшида Ба Рӯзи Президенти ҶТ 65 нафар фаъолон барои иҷрои саривақтии нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ ва дурнамои пахтасупорӣ, инчунин барои гузоштани саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо сипоснома, ифтихорнома, дипломҳо ва туҳфаҳои молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд. Саҳмгузории комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ оид ба интихоботи Президенти ҶТ дар ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳимми сиёсӣ бо сипосномаҳои Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ ва раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин, раиси ҳавзаи интихоботии “Ёвон №55” Раҳимов Файзалӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаи молиявии раиси ноҳияи Ёвон қадрдонӣ гардиданд. Дар ин рӯзи фараҳбахш ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон” ва театри халқии ноҳия барномаи рангини консертии худро зери унвони “Президенти мо боиси ифтихори мост!” манзури иштирокдорони чорабинӣ гардониданд. Бахшида ба Рӯзи Президенти ҶТ дар деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх як Маркази саломатии нав мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ., иштирок ва суханронӣ карданд. Ин муассисаи тандурустӣ бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ба муносибати Рӯзи Президент ва 28-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардиданд.