Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем

  • Posted on: 9 September 2020
  • By: korbar

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қишри ниёзманди аҳолӣ кумакҳои моддию маънавӣ расонида шуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо рӯзи 8 сентябри соли 2020 барои сарбозону афсарони Қисми низомии 6593 дастурхони идона ороста, ба таълимгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон маводди ғизоӣ дастрас гардид.