Т а б р и к о т и раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 6 September 2020
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли самимият ва бо ҳисси баланди ифтихор ҷашни муқаддаси миллиамон- бистунуҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон табрик ва таҳният мегӯям.

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвият додани пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту нуҳ соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд.

Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Боиси ифтихори миллати бунёдкори тоҷик аст, ки аз шарофат ва баракати истиқлолияти давлатӣ чандин ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалӣ пайваста ҷонибдорӣ мегарданд.

Кишвари мо дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти кулли сиёсӣ ва ҳуқуқиро дар амал татбиқ намуда, дар соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар комёбиҳои беназир ба даст оварда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.

Имрӯз сокинони саодатманди Тоҷикистон истиқлолияти давлати худро ҳамчун гавҳараки чашм  ҳифз намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва оромию осудагӣ дилпурона ба сӯи ояндаи нек ва пешравию тараққиёт равона аст.

Ҳифзу таҳкими неъмати бебаҳои истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар фарди худшинос буда, аз ҳар яки мо ҳисси баланди ватандӯстиро тақозо менамояд.

Бо дарназардошти вазъи хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмин намудани рушду инкишофи давлату миллат, моро зарур аст, ки суботу оромии комили ҷомеаро таҳким бахшида, барои тақвият додани арзишҳои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ содиқона саъю талош варзем.

Боиси фараҳмандист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ симои ноҳияи азизамон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номус амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.

Таъсиси даҳҳо корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таълимию табобатӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ боиси рушди босуръати диёри маҳбубамон гардида истодаанд.

Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба маркази ноҳия ҳусни тоза бахшидааст.

Бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди маркази ноҳия, барқарор гаштани пули калонҳаҷми назди бозори “Меҳргон”, бунёд ёфтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, маҷмааҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудаанд, шаҳраки Ёвон ба як шаҳри ҳақиқӣ ва маркази маърифатию фарҳангӣ мубаддал хоҳад гашт. 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки сокинони шарафманди ноҳия минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар бахшида, ҳар гӯшаву канори диёрамонро ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳру деҳоти зебову пешрафта табдил медиҳанд.

Сокинони соҳибмаърифату сарбаланд ва заҳматкаши ноҳия қудрати бузурги созандагӣ доранд ва ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Бо ҳамин таманнои нек бори дигар, тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори 29–умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва муваффақияту комёбиҳо орзумандам.

Бигзор, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ҳамчун меҳвари сулҳу субот ҳамеша боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон бошад!

Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамдиёрони арҷманд!