“Корвони сурх” ё худ, қатораи “ТИЛЛОИ САФЕД”-и кишоварзони Ёвон.

  • Posted on: 4 September 2020
  • By: korbar

4 сентябри соли 2020 аввалин тоннаҳои пахтаи рӯёнидаи деҳқонони Ёвон таҳти унвони рамзии “Корвони сурх” ба корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Пахтаи Ёвон” ворид гардид. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия дар ин чорабинии бошукуҳ ширкат варзида, ба деҳқонон барори кор ва муваффақият орзу намуд ва изҳори боварӣ кард, ки заркорони ноҳия имсол бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои дурнамои пахтасупорӣ мужда хоҳанд дод. Дар ин рӯз корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Пахтаи Ёвон” зиёда аз 42,5 тонна “Тиллои сафед”-и ба ранҷ парваридаи деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳияро қабул намуда, барои ҳар як килограми он 4,3 сомонӣ пардохт намуд. Дар баробари корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Пахтаи Ёвон” дар ноҳия боз 6 корхона ва як нуқтаи пахтақабулкунӣ омодаанд, ки ҳосили пахтаи парваришнамудаи деҳқононро бо арзиши мувофиқ қабул намуда, дар рушди соҳаи саноати ноҳия ҳиссаи муносиб гузоранд.