Ҳуҷҷатнигорӣ ҳунари фарзонагон аст.

  • Posted on: 15 August 2020
  • By: korbar

Ҳуҷҷатнигорӣ, беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар самти муроҷиати шаҳрвандон, муросилоти бонизоми ҳуҷҷатҳои назоратӣ, риояи муҳлати иҷро ва саривақт пешниҳод намудани ахбороту ҳисоботҳо оид ба таъмини иҷрои асноди назоратӣ ва дар маҷмӯъ, иҷрои бенуқсони талаботи Дастурамали коргузорӣ яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолият дар мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади беҳтар намудани кори ҳуҷҷатнигорӣ дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо ва ислоҳи камбудиву нуқсонҳои дар ин самт ҷойдошта бо иштироки мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Азимзода Гуландом, мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят Шарифзода Сафарбек ва сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилоят Алимов Наврӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар мудирон ва мутахассисони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони як қатор ташкилоту муассисаҳо, ки фаъолияти коргузориро ба зимма доранд, ширкат варзиданд.

Мутахассисони соҳаи ҳуҷҷатгузорию ҳуҷҷатнигорӣ доир ба паҳлуҳои нозуки ин ҳунари заҳматталаб маълумоти муфид дода, ба пурсишҳои зиёди иштирокчиёни семинар посухҳои мушаххас доданд.

Тавре ки дар анҷоми семинар роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон Аҳлиддини Абдуҷалил зикр намуд: “Дастуру тавсияҳои ироагардида барои беҳтар гардидани фаъолияти ҳуҷҷатнигории мудирон ва мутахассисони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, ки фаъолияти коргузориро ба зимма доранд, мусоидат хоҳад кард”.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки семинар ва маърӯзаҳои мутахассисони варзида ҷиҳати такмил додани донишҳо ва малакаи кории масъулини соҳаҳо дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои талаботи Дастурамали коргузорӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Аҳли толор хоҳиш намуданд, ки чунин чорабиниҳо бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба зуд-зуд созмон дода шаванд, зеро, чуноне ки яке аз иштирокчиёни семинар гуфт: “ҳуҷҷатнигорӣ ҳунари фарзонагон аст ва ин ҳунар бояд пайваста сайқал дода шавад”.