Солимии ҷомеа ва роҳ надодан ба омилҳои манфии таъсиррасон масъулияти ҳар фарди худогоҳ аст.

  • Posted on: 30 July 2020
  • By: korbar

30 июни соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки муовини сардори ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Вализода И.С., сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати мазкур Таҷаллӣ Д.А., сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Шарифзода Ҷ.К. бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти Коронавирус COVID-19 ва содиршавии ҷиноятҳои характери экстремистӣ-террористидошта ҷамъомад баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомад мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба мушкилоти вобаста ба паҳншавии сирояти нави COVID-19, инчунин омилҳои пешгирикунанда аз хатарҳои терроризму экстремизм изҳори назар карда, ба нақши фаъолон дар таъмини солимии ҷисмонию маънавии ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд ва масъулини соҳаи иҷтимоиро вазифадор кард, ки барои роҳ надодан ба ҷамъшавии издиҳоми одамон ва идгардак дар рӯзи Иди Қурбон тадбирҳои амалӣ андешанд.

Маърӯзакунандагон- муовини сардори ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Вализода И.С. ва сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати мазкур Таҷаллӣ Д.А. зимни суханрониҳояшон қайд карданд, ки риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои муҳофизатӣ, худдорӣ намудани сокинон аз ҷамъшавӣ ва идгардак дар рӯзи Иди Қурбон метавонад паҳншавии сирояти нави COVID-19-ро то андозае бозмедорад. Бинобар ҳамин, фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки барои амалӣ сохтани ин чорабиниҳои пешгирикунанда дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.

Ҳамдиёрони азиз, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҶТ дар мавриди имсол баргузор накардани намози Иди Қурбон ва идгардак ба хотири ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ буда, амалисозии ин тадбири муҳим аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Пас, биёед, безарурат ба ҷойҳои серодам нарафта, саломатии худ, аҳли ола ва ҷомеаи худро ҳифз намоем!

СОЛИМИИ МО ВА ҶОМЕАИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ!