Аёдати иштирокчиёни ҶБВ.

  • Posted on: 10 July 2020
  • By: korbar

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба иштирокчиёни ҶБВ ва дигар пирони ниёзманд таваҷҷуҳи доимӣ дорад.

8 июли соли 2020 ба 4 нафар иштирокчиёни ҶБВ: Дарвешов Хуҷа- сокини деҳаи Озодии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, Сулаймонов Абдулло- сокини деҳаи Боғдараи деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, Қаландаров Раҳмат- сокини деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх, Мамасаидов Қодир- сокини шаҳраки Ҳаёти Нав ва 1 нафар заҳматкаши ақибгоҳ: Ҳайитов Бобоҷон- сокини деҳаи Оби Мӯкии деҳоти Обшорон туҳфаҳои молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (ба ҳар яке 500 сомонӣ) ва ҳадяҳои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия (рӯйпӯшҳои рахти хоб) тақдим карда шуд.

Ҳар яке аз нафарони мазкур охирин саҳифаҳои зиндаи таърихи ҷанги дуюми ҷаҳонанд, ки аёдат кардани онҳо маънии таваҷҷуҳ намудан гузаштаи пандомӯзро дорад.