Боздиди раиси вилояти Хатлон аз Кохи фарҳанги ноҳия.

  • Posted on: 4 July 2020
  • By: korbar

 Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон рӯзи 3 июли соли 2020 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон аз Кохи фарҳанги ноҳия дидан карда, бо фаъолияти театри халқии ноҳия шинос шуданд.

Театри халќии ноњияи Ёвон аз соли 1938 инҷониб фаъолият дорад ва дар ин муддат намоишномањои зиёдеро рўи сањна оварда, дар чандин фестивал-озмунњои телевизионї ва љумњуриявї ширкат варзида, соњиби љоизањо гардидааст.

Ин рӯз барои аҳли фарҳанги ноҳия рӯзи таърихӣ шуд, зеро раиси вилоят, бо назардошти он ки айни замон дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов 14 нафар ҳунармандони ҳирфаӣ фаъолият доранд, муроҷиати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвонро барои ба театри касбӣ табдил додани театри халқии ноҳия дастгирӣ намуданд.

Алҳол театр дар бинои Кохи фарњанги ба номи Таѓоймурод Хушвахтов фаъолият дошта, дорои утоќњои алоҳида ва шароити мусоиди корӣ мебошад.

Ҳунармандони театри халқии ноҳияи Ёвон намоишномаи кутоҳи “Хоктӯдаҳо”-ро, ки ба 5500-солагии Саразм бахшида шудааст, дар ҳузури раиси вилояти Хатлон ба намоиш гузоштанд.